Баргузории иҷлоси нахуствазирони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38689-Баргузории_иҷлоси_нахуствазирони_Созмони_ҳамкории_Шанхай_дар_Душанбе
Имрӯз 12 октябр дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон иҷлоси шӯрои нахуствазирони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 12, 2018 15:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси нахуствазирони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе

Имрӯз 12 октябр дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе таҳти раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон иҷлоси шӯрои нахуствазирони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз баргузор шуд.

Ҳамчунин имрӯз дидори ширкаткунандагони иҷлоси нахуствазирони Созмони ҳамкории Шангхай бо Эмомалӣ Раҳмон,  раиси ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Баҳси амният ва иқтисод аз муҳиммтарин барномаҳои нишасти Душанбе аст. Созмони ҳамкории Шангхай як Созмони байналмилилии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шангхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст.

Дар таърихи 10 июли соли 2015 Ҳиндустон ва Покистон низ узви Созмони ҳамкории Шанхай шуданд.

Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Арманистон, Озарбойҷон, Непал, Туркия, Шриланка ва Камбоҷа низ шарики гуфтугӯ бо ин созмон ҳастанд.

Бинобар эъломи баъзе коршиносони ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, тасмим дар мавриди узвияти доими Эрон дар ин созмон, яке аз муҳиммтарин барномаҳои иҷлоси ояндаи Тошканд хоҳад буд.