Октябр 12, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти ситоди муштараки неруҳои қудратии Тоҷикистон дар бораи охирин таҳаввулоти Бадахшон

Ситоди муштараки неруҳои қудратии Тоҷикистон дар робита бо таҳаввулоти Вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон изҳороте пахш карда ва авзои кунунии ин минтақаро таҳти назорат эълом кард.

Матни ин изҳорот дар сомонаи Ахбор мунташир шудааст, ки дар он ба сарони гурӯҳҳои ҷиноии Бадахшон дар бораи халъи силоҳи комил ва итоат аз сиёсатҳои давлати марказӣ ҳушдор дода шудааст.

Дар ин гузориш эълом шуда, баъзе таҳаррукот ба манзури қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва муҳиммот аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷиҳати ноамн кардани минтақа дар ҷараён аст, ки як намунаи ин таҳаррукот даргирӣ миёни неруҳои амниятии Тоҷикистон бо аъзои гурӯҳи муташаккил аз шаҳрвандони тоҷик ва афғон дар рӯзи 2 октябр дар мунтақаи Шуғнон аст.

Мақомоти тоҷик дар Бадахшон тавонистаанд то дирӯз ба мизони 137 адад анвоъи силоҳ ва муҳиммотро аз сокинони вилоят ҷамъоварӣ кунанд.

Барномаи эҷоди назм ва амният дар Бадахшон дар пайи интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъияти нобасомони амниятӣ ва ҳуқуқии ин вилояти кӯҳистонӣ ва ҳаммарз бо Чин ва Афғонистон дар ҷараён аст.