Октябр 13, 2018 10:20 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таваррум ва қимати маводи ғизоӣ ва хадамот дар Тоҷикистон

Бонки Миллии Тоҷикистон аз афзоиши таваррум, қимат маводи ғизоӣ ва баҳои хадамот дар ин кишвар аз ибтидои имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, дар ҳоле ки дар шаш моҳи нахусти имсол шохиси таваррум 0,8 дарсад буд, ин рақам дар моҳи сентябр ба 1,1 дарсад афзоиш ёфт.

Ҳамчунин дар маҷмуъ мизони таваррум дар 9 моҳи гузашта ба 3.8 дарсад расидааст.

Дар ин муддат равғани зард беш аз 30 дарсад, мева беш аз 16 дарсад ва биринҷ беш аз 15 дарсад гарон шудааст.

Бар асоси гузориши Бонки Миллии Тоҷикистон, дар ин муддат ҳамчунин қимати бензин беш аз 16 дарсад ва лавозими хонагӣ наздик ба 9 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин баҳои хадамоти ҳавоӣ ба мусофирон 2,5 дарсад, нархномаи меҳмонхонаҳо ёздаҳ дарсад ва қимати хадамот дар таъмиргоҳҳои мошин беш аз 9 дарсад боло рафтааст.