Октябр 14, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти олии Чин ва Тоҷикистон бар тақвияти равобити дуҷониба

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Чин Ли Кетсян дидор намуд.

Ба нақл аз Синхуа, Эмомалӣ Раҳмон дар дидор бо Ли Кетсян таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон аз рушди ҳамкорӣ бо Чин, ки акнун ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст, таваҷҷуҳи хосса дорад.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Барчасп