Афсари марзбонии Тоҷикистон ҳангоми наҷоти сарбоз ҷон бохт
(last modified Tue, 16 Oct 2018 06:45:49 GMT )
Октябр 16, 2018 11:45 Asia/Dushanbe
  •  Афсари марзбонии Тоҷикистон ҳангоми наҷоти сарбоз ҷон бохт

Фармондеҳи яке аз воҳидҳои нерӯи марзбонии Тоҷикистон ҳангоми наҷоти сарбозе, ки ба рӯдхонаи марзии Панҷ афтода буд, ҷони худро аз даст дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Суҳроб Қосимов ҳангоме, ки сарбоз Худойдод Худойдодов бар асари беэҳтиётӣ ва лағзидани пояш дар соҳили рӯдхонаи Панҷ, дар марз бо Афғонистон ба дохили ин рӯдхона афтод, муваффақ ба наҷоти ин сарбоз шуд, вале худ натавонист аз об берун ояд.

Ҷасади ин афсари фидокор дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хок супурда шуд.

Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардааст.

Ин иттифоқ замоне рух дод, ки воҳиди таҳти амри капитан (сарвон) Суҳроб Қосимов машғули баррасии авзоъ дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон буд.

Тоҷикистон бо Афғонистон дорои марзи як ҳазору 344 километрӣ аст, ки дар бархе манотиқ контроли он ба далели кӯҳистонӣ будани роҳҳои ҳаракати гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир душвор аст.