Октябр 16, 2018 15:12 Asia/Dushanbe
  • Боздошти вакили мудофеи тоҷик ба иттиҳоми суиистифодаи молӣ

Яке аз вакилони мудофеи тоҷик ба иттиҳоми суиистифодаи молӣ боздошт шудааст.

Ба гузориши “Авесто”, Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти вакили мудофеъ Мавлудҷон Самиҳов хабар дода ва эълом кардааст, ки ӯ аз як хонавода ба ваъдаи мусоидат дар озодии падари зиндониашон маблағи 45 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Бар пояи ин гузориш, Самиҳов ваъдаи мусоидат дар озодии Раҳматуллоҳ Ширинови зиндониро ба хонаводаи ӯ дода ва маблағи мавриди тавофуқро дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи ҳамсар ва фарзанди Ширинов, ин вакили мудофеъ пас аз гирифтани пул ба ваъдаи худ амал накардааст.

Алайҳи Мавлудҷон Самиҳов ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Фасоди молӣ яке роиҷтарин анвои фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон аст.