Ғофилгирии кишоварзон аз бориши шадиди барф дар Тоҷикистон
Барфи ногаҳонӣ, ки рӯзи 16 октябр борид, дар ҳоле омад, ки деҳқонон меваҳои боғзори худ, аз ҷумла ҳосили ангури тоифиро ҳанӯз нағундошта буданд. Онҳо мегӯянд, барфи ғайриинтизор яксола дастранҷи онҳоро ба боди фано супурд ва хонаводаҳоеро, ки аз ҳисоби меваи боғ зиндагиашонро пеш мебурданд, дар як вазъи сангин қарор дод.
Ба нақл аз Ахбор, 16 октябр дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор барфи аввал борид. Тавре ҳамагон медонанд, зиндагонии мардуми деҳаҳои Турушбог, Тӯда, Лолагӣ, Ҳофизқишлоқ, Наврузбулоқ, КӯшкакиМазор, Искич, Нилӯ ва Шоҳону Кӯҳуни дараи мазкур аз ҳисоби ангурпарварӣ пеш меравад. Дар ҳамин шабу рӯз деҳқонони ин деҳот бо ангурчинӣ ва ангурфурушӣ машғул ҳастанд. Ҳатто баъзе навъи ангури ин минтақа пурра напухтааст ва мардум алҳол дар фикри пурра ҷамъоварии ангур набуданд. Мутаассифона, барфи аввале, ки дар дараи Алмосӣ борид, нақшаҳои мардумро барбод дод.
Холмурод, як деҳқони 70-сола мегӯяд, ки имсол бо сабаби наомадани харидор ангурҳоям монд, боз ин барф корамонро расво кард.
Кампири Раъно мегӯяд, ки "писаронам 30 тонна ангур доранд, вале то ҳол барои ҷамъоварӣ даст назадем, дар ин сармо ангурҳо рӯ ба кафидан овардаанд, намедонем чӣ кор кунем. Имсол агар бисӯзем, дар зимистон нони хӯрдан намеёбем.”
"Нони хӯрдан надорам, ба умеди богу роғам будам" - мегӯяд Сабоҳат ,ки се боғи калони ангур дар дараи Алмосӣ дорад.
Ба ин монанд шумораи мардуми аз таъсири барфи аввал зарардида хеле зиёданд, ва мардум ҳайронанд, ки зимистони имсолро чӣ гуна паси сар менамоянд. Чун даромади асосияшон аз ҳисоби фурӯши ангур буд.
Ногуфта намонад ,ки боду ҳаво хеле дар Тоҷикистон сард ба назар мерасад ва ин дар ҳолест ки зимистон назар ба солҳои пешин ду моҳ пештар меҳмони ин сарзамин гардидааст.