Бонки рушд ва бозсозии Аврупо 11 муассисаро дар Тоҷикистон таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38814-Бонки_рушд_ва_бозсозии_Аврупо_11_муассисаро_дар_Тоҷикистон_таҳрим_кард
Бонки рушд ва бозсозии Аврупо 11 муассиса ва чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели дасткорӣ дар асноди истифода аз манобеи молии ин бонк ва ироаи гузоришҳои нодуруст то 2020 таҳрим кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 18, 2018 06:22 Asia/Dushanbe
  • Бонки рушд ва бозсозии Аврупо 11 муассисаро дар Тоҷикистон таҳрим кард

Бонки рушд ва бозсозии Аврупо 11 муассиса ва чанд шаҳрванди Тоҷикистонро ба далели дасткорӣ дар асноди истифода аз манобеи молии ин бонк ва ироаи гузоришҳои нодуруст то 2020 таҳрим кард.

Ба нақл аз сомонаи Осиёи Марказӣ, ин марокиз ва ашхоси тоҷикистонӣ акнун вориди листи сиёҳи Бонки рушд ва бозсозии Аврупо шудаанд ва то 2020 аз ҳаққи дарёфти қарз ва ҳамкорӣ бо ин ниҳоди молии аврупоӣ маҳрум шудаанд.  

Дар гузориши Бонки рушд ва бозсозии Аврупо таъкид шудааст, ки ин афрод бо дасткорӣ дар асноди молӣ, қиммати бархе аз масолеҳи сохтмонӣ ва роҳсозиро болотар аз арзиши аслии он зикр карда ва аз ин тариқ маблағҳои зиёдеро ба ҷайб задаанд.

Аз ин рӯ, номи ширкатҳои “Меҳроби Хуҷанд”, “Роҳи Хуҷанд”, ҷамъияти саҳҳомии “Роҳи Ваҳдат” ва ширкати “Суғд техно сервис” аз ҷумлаи марокизе ҳастанд, ки дар феҳристи сиёҳи таъсисоти ғайри қобили эътимоди Бонки рушд ва бозсозии Аврупо сабт шудаанд.