Октябр 18, 2018 11:10 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Парлумони Тоҷикистон: Андози сангин монеи рушди иқтисод аст

Намояндаи Маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон сангин сангин дар кишварро монее ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисод донист.

Ба нақл аз Топ Ти Ҷей, Олимҷон Бобоев бо ишора ба суханони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар интиқод аз фирори андозии фаъолони бахши хусусӣ дар ин кишвар гуфтааст, ки иллати ин падида боло будани мизони андоз аст.

Вай афзудааст: Бар асоси муқаррароти мавҷуд дар сатҳи ҷаҳонӣ мизони андози пардохтӣ 36 то 40 дарсад аст, ки дар Тоҷикистон ин шохис наздик ба 86 дарсадро ташкил мекунад.

Ба гуфтаи Бобоев, ин яъне агар як фаъоли бахши хусусӣ як сомонӣ даромад ба даст оварад, бояд 80 дирами онро ба унвони андоз пардохт кунад, аз ин рӯ фаъолони бахши хусусӣ талош мекунанд, ки бо ҳар роҳи мумкин аз пардохти андоз фирор кунанд.  

Вай таъкид кардааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон борҳо ин мушкилро ба вазирон ва масъулони иқтисодии ҳукумат ёдоварӣ карда, вале парлумон ниҳоди иҷроӣ нест, ки иҷрокунандаи қонун бошад ва аз сӯи дигар, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳаққи ироаи тарҳи ислоҳи бархе қавонини иқтисодӣ аз ҷумла қонуни андоз бархурдор нест.