Оғози ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ҳузури Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38842-Оғози_ҳаштумин_намоишгоҳи_байналмилалии_Китоби_Душанбе_бо_ҳузури_Эрон
Ҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ҳузури мақомоти сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик ва меҳмонони хориҷӣ оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2018 21:37 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ҳузури Эрон

Ҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” бо ҳузури мақомоти сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик ва меҳмонони хориҷӣ оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин намоишгоҳ бо ҳузури Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе 18 октябр, кори худро оғоз кард ва ду рӯз идома дорад.

Шамсиддин Орумбекзода дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” гуфт, дар ин намоишгоҳ фурсатҳои хубе барои муаррифии осори адабӣ, илмӣ ва пажӯҳишии донишмандон ва адибони Тоҷикистон ва кишварҳои дигар фароҳам шудааст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз ғурфаи пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ - тоҷикӣ ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон, ки тозаҳои нашри худро ба таври муштарак ба намоиш гузоштанд низ боздид кард.

Дар ин намоишгоҳ ноширони байналмилалӣ аз Эрон, Русия, Туркия, Ҳинд, Чин, Амрико, Узбакистон ва Афғонистон ҳузур доранд.