Октябр 19, 2018 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ҳамоиши байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Душанбе

Ҳамоиши байналмилалии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.

Ин ҳамоиш бо унвон "Мавлоно, пайвандгари миллатҳо ва тамаддунҳо" дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барпо шудааст ва то фардо идома хоҳад дошт.

Мақомот, коршиносон ва соҳибназароне аз кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Узбакистон ва Афғонистон дар ин ҳамоиш ҳузур ёфтаанд.

Пеш аз ин дар соли 2008 дар Тоҷикистон ҳамоиши ҷаҳонӣ ба муносибати 800-солагии Мавлонои Балхӣ баргузор шуда ва ба ҳамин муносибат номи ноҳияи Колхозобод дар ҷануби Тоҷикистон ба номи ин ориф ва адиби бузург тағйир ёфт.