Тағйироти кадрӣ дар бархе сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷ
(last modified Sat, 20 Oct 2018 05:51:56 GMT )
Октябр 20, 2018 10:51 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар бархе сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷ

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармонҳое теъдоде аз сафирони ин кишвар дар хориҷро тағйир дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бар асоси яке аз ин фармонҳо, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи пешин ва сафири ин кишвар дар Ҷопон аз ин симат барканор шуд.

Вай пас аз ду ҳафта аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон, аз симати худ барканор шуд.

Як манбаъ аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд иллати барканории Зарифӣ аз симаташ дар Сафорат Тоҷикистон дар Токио синни ӯст, ки 67 сола шудааст.

Дар фармони дигари раисҷумҳури Тоҷикистон, Мирзошариф Ҷалолов, ки сафири ин кишвар дар Ҳинд буд, ҷойгузини Ҳамроҳхон Зарифӣ дар сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Баҳодур Шарифиро, ки сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ буд, бо ҳифзи симат, ӯҳдадори масъулияти сафорати ин кишвар дар Баҳрайн кардааст.

Бар асоси фармони дигари раисҷумҳури Тоҷикистон, Зубайдуллоҳ Зубайдзода, ки сафири Тоҷикистон дар Кувайт аст, бо ҳифзи симат, ӯҳдадори масъулияти сафорати ин кишвар дар Ироқ шудааст.