Баргузории нишасти коршиносони маҳаллӣ дар Душанбе бо ҳадафи пешгирӣ аз ифротгароӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38865-Баргузории_нишасти_коршиносони_маҳаллӣ_дар_Душанбе_бо_ҳадафи_пешгирӣ_аз_ифротгароӣ
Дар шаҳри Душанбе нишасти дуввуми гуруҳи машвартии коршиносони маҳаллӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ баргузор шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 20, 2018 07:26 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти коршиносони маҳаллӣ дар Душанбе бо ҳадафи пешгирӣ аз ифротгароӣ

Дар шаҳри Душанбе нишасти дуввуми гуруҳи машвартии коршиносони маҳаллӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм ва ифротгароӣ баргузор шуд.

Ба нақл аз Ховар, ин нишаст таҳти унвони нақши ходимони дин дар пешгирии ифротгароӣ ва терроризм ва бо ибтикори маркази исломшиносии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии "ҷустуҷуи манофеъи умумӣ" аз Қирғизистон дирӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин нишаст намояндагони маркази исломшиносии Тоҷикистон, Шурои уламои маркази исломии Тоҷикистон, коршиносони маҳалӣ ва рӯзноманигорон ширкат ва мавзӯъоти мухталиф аз ҷумлаи нақши воқеъии ходимони дин дар мубориза бо падидаи номатлуби ифротгароӣ ва терроризм, мушкилоти вазъи кунунӣ ва пайдо кардани роҳи ҳал барои онро баррасӣ карданд.

Ҳозирон дар ин ҷаласа мавзӯъи иртиқои сатҳи донишгоҳи муъосири ходимони динро муҳим ва ҳамкории наздики онҳо бо ҷомеъа аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоиро муҳим арзёбӣ намуданд.

Саид Аҳмад Қаландаров коршиноси тоҷик, дар ин нишаст таъкид кард мутаъсифона интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари манфиъатҳо ҷанбаи манфӣ низ доранд ва дар ин авохир ҳамчун як омили ҷалбкунандаи ҷавонон ба ҳаракатҳои гуногун мамнуъ шудааст.

Вай афзуд мо бояд бо афзоиши донишҳои текникии ходимони дин мусоидат кунем, то онҳо низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро боз карда ва бо мардум дар иртибот бошанд ва ба саволҳои онҳо посух диҳанд, ки ин амр боиси афзоиши дониши динии шаҳрвандон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки нишасти аввалин гуруҳи машваратии коршиносони маҳаллии моҳи сентябри соли равон доир шуда буд.