Октябр 20, 2018 14:47 Asia/Dushanbe
  • Толиб Айёмбеков: Дар шаҳри Хоруғ аслиҳа вуҷуд надорад

Яке аз фармондеҳони пешини гурӯҳҳои мусаллаҳи вилояти Бадахшон гуфтааст, ки дар шаҳри Хоруғ дигар таслиҳоти низомӣ вуҷуд надорад ва агар мебуд, ҳатман садои шиллики он шунида мешуд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, Толиб Айёмбеков, ки яке аз масъулиятҳои вай ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аст, гуфтааст, ки шахсан бо идороти амниятӣ ва интизомӣ дар вилояти Бадахшон ҳамкории наздик дорад ва талош мекунад, ки назму амнияти умумӣ ҳарчӣ зудтар дар шаҳри Хоруғ, маркази ин минтақа барқарор гардад.

Вай таъкид кардааст, ки имрӯз дар дасти сокинони шаҳри Хоруғ дигар таслиҳоти ғайриқонунии низомӣ боқӣ намондааст.

Дар ҷаласаи ситоди барқарории назму амнияти умумӣ ба баррасии натоиҷи фаъолияти якмоҳаи ин ситод дар заминаи халъи силоҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва поён додан ба фаъолияти қочоқчиёни маводи мухаддир ихтисос дошт, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки тайи ин муддат аз мардум 183 қабза аслиҳа ва беш аз 4 ҳазор адад муҳиммоти мухталиф таҳвил гирифта шудааст.

Ба гуфтаи вай, акнун ҳаракати васоили нақлия низ дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон ба ҳолати одӣ баргаштааст. Дар ин нишаст Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таҳдид кардааст, ки агар дар кӯтоҳтарин замони мумкин 71 миллион сомонӣ маблағе, ки сокинони вилояти Бадахшон аз бонкҳо дарёфт карда ва барои бозпардохти ин манобеи молӣ иқдом накардаанд, пардохт нашавад, алайҳи қарздорон парвандаи ҷиноӣ ташкил хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон понздаҳуми сентябр дар поёни сафари панҷрӯзаи худ ба вилояти Бадахшон ба вазири умури дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як моҳ фурсат дода буд то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.