Додситонии кулли Тоҷикистон дастури Вазорати маорифро лағв кард
(last modified Sat, 20 Oct 2018 15:03:21 GMT )
Октябр 20, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Додситонии кулли Тоҷикистон дастури Вазорати маорифро лағв кард

Додситонии кулли Тоҷикистон тасмими Вазорати маориф ва илми ин кишварро дар бораи мамнуияти сафари бидуни муҷаввизи кормандони ин вазоратхона, раисон ва устодони донишгоҳҳо, мудирон ва омӯзгорони мадорис, донишҷӯён ва донишомӯзон ба хориҷро лағв кард.

Ба гузориши Спутник, тобистони имсол Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо судури дастуре сафари устодони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва муҳаққиқонро ба хориҷ аз кишвар бидуни муҷаввизи ин ниҳод мамнуъ эълом кард, ки ин иқдом бо эътирозҳои зиёде дар дохил ва хориҷ рӯбарӯ шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дастури Вазорати маориф ва илмро муғойр бо қавонини ҳуқуқии ин кишвар ва ғайри қобили иҷро донист ва онро лағв кард.

Ин дастур афродеро, ки барои маъмуриятҳои 15 рӯза ба хориҷ аз кишвар мерафтанд мулзам мекард, илова бар муҷавиз ин вазоратхона мувофиқати катбии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистонро низ касб кунанд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид карда буд, афроде, ки барои ширкат ва суханронӣ дар ҳамоишҳои илмии байналамилалӣ аз кишвар хориҷ мешаванд, муваззаф ҳастанд матни суханронии худро қабл аз сафар ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ироа диҳанд ва пас аз бозгашт низ ба мақомоти ин вазоратхона гузориш диҳанд.

Бар мабнои ин дастур, омӯзгорон ва донишомӯзони мадориси Тоҷикистон низ танҳо пас аз муҷаввизи Вазорати маориф ва илм метавонанд дар алимипадҳо ва озмунҳои илмии байналмилалӣ ширкат кунанд.