Октябр 20, 2018 21:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷавонони футболисти Тоҷикистон Чинро шикаст доданд

Тими футболи ҷавонони зери 19 соли Тоҷикистон бар ҳарифи қудратманди худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 2018, пирӯз шуд.

Тими миллии футболи ҷавонони зери 19 соли Тоҷикистон имшаб дар аввалин бозӣ аз мусобиқоти гурӯҳии қаҳрамонии футболи Осиё дар Индонезия, дар гурӯҳи “D” тими Чинро бо як гол шикаст дод. Ин голро Шарафҷон Солиҳев дар дақиқаи 77 бозӣ вориди дарвозаи чиниҳо кард.

Тими Тоҷикистон 23-уми октябр ба дидори ҷавонони Малайзия меравад, ки дар бозии худ муқобили Арабистони Саудӣ бо натиҷаи ду бар як шикаст хӯрдаанд.

Дар ҳамин рӯз ва дар дигар бозии ин гурӯҳ низ Арабистони Саудӣ ба масофи Чин хоҳад рафт.

Бар асоси натоиҷи феълӣ, тимҳои мунтахаби ҷавонони Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо се имтиёз дар ҷойгоҳи аввал ва дуввум қарор доранд.