Октябр 21, 2018 19:14 Asia/Dushanbe
  • Хашми раиси вилояти Суғд аз пахши садои азони баландгӯяки масҷид

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар поёни моҳи сентябр зимни шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии пахта дар ҷамоати Равшани ноҳияи Зафаробод баногоҳ садои азонро аз масҷиди ҷомеи ин минтақа шунида, фармон додааст, ки баландгӯякҳои масҷидро баркананд.

Ба нақл аз Ахбор, вай гуфтааст: "Ман чанд маротиба ба шумо гӯям, ки ин гуна овоз баланд нашавад”? Дар пайи амри Аҳмадзода мақомот баландгӯякҳои масҷиди ҷамоати Равшанро канда бурдаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода се ҳафта пеш бо як сафари корӣ аз ноҳияи Зафаробод боздид карда буд.

Як сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Равшан ба шарти бурда нашудани номаш ба сомонаи "Ахбор” гуфт: "Раиси вилояти Суғд зимни шиносоӣ ба вазъи ҷамъоварии пахта ва кушодани чанд иншоот ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда буд. Вақте ба шаҳраки Гулистони ҷамоати Равшан омаданд, аз садои азон баланд нороҳат гардида масъулонро сарзаниш кард, ки ин чӣ овоз аст, ман чанд маротиба ба Шумо гӯям, ки ин гуна овоз баланд нашавад, Шумо гапро намефаҳмед? Ин чӣ бемасъулиятист, ки мегузоред, ин садоҳо дар ҳамаҷо баланд гардад, зуд рафта онро хомӯш кунед! Ва масъулин зуд ба масҷид раҳсипор гардиданд ва баландгӯякҳои масҷидро ба худ бурданд.”

Масҷиди ҷомеи шаҳраки Гулистон дар наздикии маҳалли вохӯрии раиси вилоят ҷойгир гардида буд ва садои азон, ба гуфтаи шоҳидон, чандон баланд набуд, вале раиси вилоятро чунон нороҳат кард, ки ҷиҳати аз масҷид барчидани баландгӯякҳое, ки аз ҳисоби мардум харидорӣ шуда буд, амр додааст. Ин масҷиди ҷомеъ аст ва дар рӯзҳои ҷумъа мардуми зиёде ба инҷо барои адои намоз меоянд, вале намоз бе садои баланд гузошта мешавад, - мегӯяд манбаи мо.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд се ҳафта пеш аз сафари Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод хабар дода, навишта буд, раиси вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои бунёдкорӣ, ҷараёни ғунучини пахта ва ифтитоҳи иншооти тозабунёд ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Истифодаи баландгӯяк барои гуфтани азон дар масҷидҳо дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон расман манъ карда шудааст. Дар Душанбе аз ҷумла дар шарҳи ин қарор гуфта буданд, ки садои баланди азон истироҳати мардумро халалдор мекунад.