Сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон: Мо ҷинояткор нестем
Панҷ нафар аз сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи вилояти Бадахшон бо рафтан ба додситонии ин вилоят, ба ин ки саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ муаррифӣ шудаанд, эътироз кардаанд.
Ба гузориши “СА –нюс”, Толиб Айёмбеков, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Муҳаммадасламов, Хурсанд Мазориев ва Мунаввар Шанбиев, ки ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон ононро саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ муаррифӣ карда буд, бо ҳозир шудан дар додситонии вилояти Бадахшон, ба ин иттиҳом эътироз кардаанд.
Ин панҷ нафар мегӯянд, ба далели пахши барномаи вижа аз шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон ва интишори матлабе дар хабаргузории давлатии “Ховар”, ки ононро саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ номидааст, аз мақомоти додситонии вилояти Бадахшон тавзеҳ мехоҳанд.
Қаблан мақомоти вилояти Бадахшон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо муаррифии ин афрод ба унвони саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ, ба онон дар бораи баргузории ҳар навъ таҷаммуъ, нишаст ва гирдиҳамоӣ ҳушдор дода ва таъкид карда буданд, ки бо вокуниши фаврии нерӯҳои амниятӣ ва интзомӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ахиран Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кард, ки дар пайи як моҳ амалиёти ситоди барқарории назму амнияти умумӣ дар вилояти Бадахшон, саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноӣ дар ин минтақа танҳо 10 то 15 дарсад аз силоҳҳои худро таҳвил додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон понздаҳуми сентябр дар поёни сафари панҷрӯзааш ба вилояти Бадахшон, ба вазири умури дохила ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як моҳ фурсат дода буд то назму амнияти умумиро дар ин вилоят барқарор кунанд.