Баррасии равобити дӯстонаи эҳтимолии муттаҳам ба терроризм бо раиси полиси ноҳияи Фархор
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли баррасии мавзӯи равобити дӯстонаи эҳтимолии як фарди муттаҳам ба қасди инфиҷори идораи полиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бо раиси ин ниҳод ҳастанд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, ин мақомот муддаиянд, ки Баҳриддин Шарофиддинов, сокини ноҳияи Фархор, ки як моҳ қабл ба иттиҳоми талош барои мунфаҷир кардани сохтмони идораи полиси ин минтақа боздошт шудааст, бо Баҳром Шокирзода, раиси ин идора равобити дӯстӣ барқарор карда буд.
Ин дар ҳоле аст, ки раиси идораи полиси ноҳияи Фархор ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки Шарофиддинов, ки аз зиндоне дар Русия озод шуда буд, барои дарёфти шиносномаи хориҷӣ муроҷиа кард ва мушаххас шуд, ки собиқаи ҷиноӣ дорад ва полис наметавонад ин санадро барои ӯ содир кунад.
Ба гуфтаи Баҳром Шокирзода, акнун Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ӯро ба далели бетаваҷҷуҳӣ ба фарде, ки муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои террористӣ аст, муҷозот кардааст, аммо ҳеҷ навъ ошноӣ ва робитаи дӯстӣ миёни ӯ ва муттаҳам вуҷуд надоштааст.
Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки Баҳриддин Шарофиддинов, сокини ноҳияи Фархор қасд доштааст бо наздик шудан ба раиси идораи полиси ин минтақа, сохтмони ин идораро мунфаҷир кунад, аммо ҳангоми озмоиши бомбаи дастсоз, дар пайи инфиҷори мавод як ангушти худро аз даст дода ва боздошт шудааст.
Дар моҳи майи соли 2017 низ мақомоти амниятии Тоҷикистон аз боздошти Толиб Юнусов ва Усмон Бухориеви 18 ва 20 сола хабар дода буданд, ки гуфта мешуд, қасд доштанд сохтмони идораи полиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар вилояти Хатлонро мунфаҷир кунанд.