Октябр 23, 2018 11:45 Asia/Dushanbe
  • Гардишгарони хориҷӣ ва тарҷеҳи масири Қирғизистон барои сафар ба Тоҷикистон

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки гардишгарони хориҷӣ барои сафар ба минтақаи кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон масири Қирғизистонро тарҷеҳ медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, аксари гардишгарон далели интихоби масири Қирғизистон барои рафтан ба Тоҷикистон ва ба вижа ба вилояти Бадахшонро арзон будани қимати билети ҳавопаймо, дастрасӣ ба низоми бидуни раводид (виза)-и Қирғизистон бо кишварҳои хориҷӣ ва хадамоти муносиби ширкатҳои гардишгарии ин кишвар унвон мекунанд.

Лолош Бахталиев, мудири яке аз ширкатҳои гардишгарии вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ба далели кӯҳистонӣ будани ин минтақа, теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ ба он сафар мекунанд, аммо онон масири шаҳри Ӯши Қирғизистон ба Хоруғи Тоҷикистонро барои сафар тарҷеҳ медиҳанд, ки аз нигоҳи харҷи сафар ва ҳазинаҳо, бисёр арзонтар тамом мешавад.

Ба гуфтаи Бахталиев, Қирғизистон бо теъдоди қобили мулоҳизае аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон раводиди сафарро бекор карда ва қимати сӯхт, кирояи мошин ва иқомат дар меҳмонхонаҳои он низ дар муқоиса бо Тоҷикистон ба маротиб арзонтар аст.

Бар асоси омори Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон, тайи шаш моҳи нахусти имсол 950 ҳазор гардишгар аз 135 кишвари ҷаҳон ба ин ҷумҳурӣ сафар кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 592 ҳазор нафар бештар мебошад.

Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки дар пайи андешидани тадбирҳо барои ҷазби бештари гардишгарони хориҷӣ ва коҳиши ҳазинаҳои молии онон ба Тоҷикистон ҳастанд.

Дар Тоҷикистон соли 2018 соли рушд гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ номгузорӣ шудааст.