Октябр 23, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт шарти ҳукумати Тоҷикистон барои сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадахшон

Додситонии ВМКБ ба 7 лидери ғайрирасмии ин вилоят Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров,Ёдгор Мамадасламов,Хурсанд Мазоров,Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев огоҳии расмӣ додааст, ки ба ин 8 амал даст назананд, вагарна ҷазо дода мешаванд.

Ба нақл аз сомонаи телевизиони Бадахшон, ба ҳафт лидери ғайрирасмӣ дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон огоҳии расмӣ дода шудааст, ки аз амалҳои, ба қавли мақомот, ҷиноӣ даст бардоранд, вагарна муҷозот хоҳанд шуд. Ин огоҳиро рӯзи 22-юми октябр дар бинои Додситонии вилояти Бадахшон супурдаанд.

Бино ба гузорише, ки рӯзи 23-юми октябр бо рамзи телевизиони Бадахшон ба интернет роҳ ёфт,Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев рӯзи душанбе зери огоҳнома имзо гузоштаанд.

Дар ин гузориш лаҳзаи вуруди раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон ба бинои Додситонии вилоят низ намоиш дода шудааст.

Бар асоси огоҳӣ, ки нусхаашро телевизиони Бадахшон намоиш дод, аз лидерони ғайрирасмӣ хоста шудааст аз ташкилу роҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби иншооти давлатӣ, таҳқири намояндагони ҳокимият, гардиши силоҳ, маводи мухаддир, аъмоли ғайриқонунӣ бар зидди амнияти ҷомеа худдорӣ кунанд. 

"Шарҳи ин ҷиноятҳои вазнин ва моддаҳои марбут ба он фаҳмонда шуд. Онҳо вазифадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талабот омада, дар назди қонун ҷавоб диҳанд”, - гуфта шуд дар гузориши телевизиони Бадахшон.

Раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов гуфт, гапи ӯ дар ин маврид ҳамонест, ки 16-уми октябр дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти ситоди муштараки таъмини амният баён дар Хоруғ карда буд.

Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон гуфт, "онҳо барои ҷамъоварии силоҳ ба мо ташаккур карданд. Гуфтанд, ки дигар машғули корҳои худ бошем ва мақомот кордор нест. Мо дар навбати худ аз додситонӣ хоҳиш кардем, ки дар мавриди пахши хабарҳо дар бораи гӯё ба гуруҳҳои ҷиноӣ шомил будани мо раддия пахш кунанд, чун иддаои нодуруст аст.”