Октябр 24, 2018 10:35 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбарони мазҳабии Бадахшон ба пайравонашон

Раҳбарони мазҳабии Бадахшон бо интишори паёме аз мардуми ин минтақа, ба вижа пайравонашон хостанд, ба ҳар гуна дасиса ва иғво дода нашаванд.

Ба гузориш Садои Хуросон, дар ибтидои матни ин паём, ки аз сӯйи Кумитаи рушд ҷамоатхонаҳои мазҳабӣ ва Маркази исмоилиёни Тоҷикистон мунташир шудааст, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки имкони дидори шиаёни исмоилии сокини Тоҷикистонро бо раҳбари мазҳабиашон фароҳам кардааст, ситоиш шудааст.

Дар идомаи ин паём омадааст, ки ҷавонони бадахшонӣ аз пайравии чанд тане, ки ба ҷуз фарҳанги силоҳ ва хушунат фарҳанги дигареро намеписанданд, даст кашидаанд ва дар доми фиреби гурӯҳҳои мусаллаҳ ва қочоқчӣ гирифтор намешванд.

Ин баёния дар ҳоле мунташир шуда, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон барои тарки пайгарди қазоии 7 нафар аз сарони гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон ҳашт шарт таъйин кардаанд.

Даст назадан ба аъмоле чун созмондеҳии гурӯҳҳои ҷиноӣ, даъвати ҷавонон барои роҳандозии эътирозоти умумӣ ва нофармонӣ, ҳамла ва ишғоли сохтмонҳои давлатӣ, нобуд кардани амдии амволи умумӣ, тавҳин ба намояндагони ҳукумат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҷаммоти эътирозӣ аз ҷумлаи ин шартҳост.