Ҳукми зиндон барои ду қотил дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон
(last modified 2018-10-24T05:58:19+00:00 )
Октябр 24, 2018 10:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои ду қотил дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор ду фарди муттаҳам ба қатлро ба 10 ва 13 соли зиндон маҳкум кард.

Маркази матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон дирӯз эълом кард, Абдулфаттоҳ Миров ва Фарҳодҷон Ҳимматов ба ҷурми қатл ба 10 ва 13 соли зиндон бо шароити сахт маҳкум шудаанд.

Абдулфаттоҳ Миров муттаҳам аст, ки нуздаҳуми июни имсол ва пас аз истеъмоли машруботи алкулӣ ҳаммаҳаллааш Абдуҷалол Давлатовро ибтидо латукӯб ва сипас аз тариқи хафа кардан ба қатл расонидааст.

Ҳамчунин Фарҳодҷон Ҳимматов даҳуми апрел ҳангоми даргирӣ бо Сулаймон Саидов, бо ворид кардани заработи корд ба ӯ, вайро ба қатл расонд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, агарчӣ дар солҳои ахир омори куллии ҷурму ҷиноят дар ин кишвар рӯ ба коҳиш буда, аммо шумори ҷиноёти сангине ҳамчун қатл беш аз гузашта будааст.