Октябр 25, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Дархости Амрико аз давлати Тоҷикистон дар бораи парвандаи Бузургмеҳр Ёров

Мақомоти Амрико аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки дар парвандаи ҷиноӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакил мудофеи 26 сол зиндон маҳкумшудаи тоҷик таҷдиди назар кунад.  

Ба нақл аз Фарғона, Эмилио Помен, муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ пас аз дидор бо вазири хориҷа ва дигари мақомоти Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳангоми баҳс ва табодули назар дар мавзуи ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоии шаҳрвандони тоҷик, аз Душанбе дархост кардааст, ки дар парвандаи Бузургмеҳр Ёров таҷдиди назар кунанд.  

Вай таъкид кардааст, ки бар сари ин мавзуъ бо мақомоти масъули Тоҷикистон баҳс ва табодули назар карда, аммо ба далели маҳрамона будани ин гуфтугӯҳо наметавонад муҳтавои онро ифшо созад.  

Помен таъкид кардааст, ки тарафи амрикоӣ маротиби нигаронии хешро аз маҳдуд шудани фазои фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ ба вазири хориҷа ва дигар мақомоти Тоҷикистон иброз кардааст.

Бузургмеҳр Ёров авохири сентябри 2015 ва пас аз онки кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнуи наҳзати исломиро таъсис кард, ба иттиҳоми қаллобӣ аз ҷониби вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт ва барои ӯ парванда ташкил шуд.