Содироти як севум аз барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон ба хориҷ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38980-Содироти_як_севум_аз_барқи_тавлидшуда_дар_Тоҷикистон_ба_хориҷ
Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 25, 2018 06:48 Asia/Dushanbe
  • Содироти як севум аз барқи тавлидшуда дар Тоҷикистон ба хориҷ

Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт.

Ба нақл аз Азия-Плюс, моҳи гузашта Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли барқро ба кишвари ҳамсояи Узбакистон қариб ду баробар коҳиш дод.

Моҳи сентябри соли равон истемолгарони Узбакистон наздики 182 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон барқ гирифтанд, ки нисбат ба моҳи августи ҳамин сол 200 млн. кВт/соат камтар аст, қайд мешавад дар гузориши “Мониторинг ва огоҳиии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Ҳамин тариқ, давоми моҳҳои апрел-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Узбакистон беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот шудааст.

Интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон аввали моҳи апрел баъди қариб танаффуси даҳсола аз сар гирифта шуда, ҳаҷми содироти он ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як сол пешбинӣ мешавад.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Узбакистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон - 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Аз моҳи сентябр ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон низ коҳиш ёфт: аз 200 млн. кВт/соат дар моҳҳои пешин то ба 158 млн. кВт/соат дар моҳи сентябр.

Бо назардошти ҳаҷми начандони зиёди содирот ба Қирғизистон (наздики 10 млн. кВт/соат), моҳи гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 350 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дод, ки қариб 24% аз ҳаҷми умумии истеҳсол (1 млд. 461 млн. кВт/соат) дар кишварро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 2,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот намуда, аз ин ҳисоб ҷумуҳрӣ 72 млн. 527 ҳазор доллар даромад гирифт, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта (48 млн. 787 ҳазор доллар) қариб 50% зиёдтар мебошад.