Октябр 25, 2018 10:55 Asia/Dushanbe
  • Тавлиди наздик ба се миллион тонна семент дар Тоҷикистон

Тавлиди семент дар Тоҷикистон то поёни сентябр дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 28 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Ба нақл аз Тоҷикта, корхонаҳои сементи Тоҷикистон дар 9 моҳи гузашта тавлиди ин маҳсули муҳими сохтмониро ба ду миллиону 900 ҳазор тонна расондаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 640 ҳазор тонна бештар аст.

Ҳамчунин дар ин муддат Тоҷикистон як миллиону 53 ҳазор тонна аз ин маҳсули сохтмониро ба дигар кишварҳо содир кардааст.

Дар 2017 корхонаҳои сементи Тоҷикистон тавлиди ин маҳсули муҳими сохтмониро ба се миллиону 100 ҳазор тонна расонданд, ки бахше аз он ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон содир шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 12 корхонаи семент бо зарфияти арзаи солона чаҳор миллион тонна аз ин маҳсул фаъолият мекунад, ки тавлиди онҳо ба тақозо дар бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷ бастагӣ хоҳад дошт.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мудир шуъбаи Пажуҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтааст, ба иллати рушди сохту соз дар Узбакистон ниёз ба сементи бокайфияти тавлидшуда дар Тоҷикистон низ рӯ ба афзоиш аст.  

Тоҷикистон ба Узбакистон сементи анвои 400, 500 ва 600 содир мекунад, ки аз кайфияти бисёр болое бархудор аст.