Октябр 25, 2018 13:13 Asia/Dushanbe
  • Вақте мақоми амрикоӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон сухан мегӯяд

Муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳукумати Тоҷикистон тасмим надорад, дар Бадахшон даст ба анҷоми амалиёти вижаи қудратӣ бизанад.  

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмилио Помен дар пойтахти Тоҷикистон зимни эъломи ҳимоят аз иқдомоти зиддитеррористии ҳукумати Душанбе аз тарафҳои ҳозир дар авзои кунунии Бадахшон хост, аз гуфтугӯҳои созанда кор гиранд.  

Суҳбатҳои муовини ёвари вазири хориҷаи Амрико дар бораи авзои Бадахшон нахустин изҳори назари як мақоми хориҷӣ дар бораи ин минтақа аз Тоҷикистон аст.  

Коршиносон мегӯянд, ҳарҷо манофеи Амрико тақозо кунад, мақомоти ин кишвар дар масоили онҷо дахолат мекунанд.

Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки пеш аз бурузи таҳаввулоти кунунӣ дар Бадахшон мақомоти Амрико дар чанд маврид ба шаҳрвандони ин кишвар барои сафар ба Тоҷикистон, ба вижа Бадахшон ҳушдор дода буд.