Октябр 25, 2018 16:08 Asia/Dushanbe
  • Дуруд ва сипоси Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба тоҷикон

Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори номии Доғистон дар дидор бо Ҳоҷӣ пиёда ба мухлисони тоҷики худ, салом расонда ва аз онон сипосгузорӣ кардааст.

Абдулазиз Раҷабов гардишгари тоҷик, ки байни мардуми Тоҷикистон ҳамчун Ҳоҷӣ пиёда маъруф шуда, ба хабаргузории Спутник гуфтааст, ба Ҳабиб ба хотири пирӯзиаш аз тарафи мухлисони тоҷик шодбош гуфта ва ҳадияҳое тақдим ӯ кардааст.

Ҳоҷӣ пиёда афзудааст, ки ба Нурмуҳаммедов як тоқӣ ва ҷомаи зебои тоҷикӣ туҳфа карда ва ҳамчунин харбузаеро, ки аз Тоҷикистон оварда буд ба варзишкори доғистонӣ ҳадия додааст.

Ба гуфтаи Абдулазиз Раҷабов, Нурмуҳаммедов аз ҳадияҳои тоҷикӣ бисёр хурсанда шуд ва гуфтааст, ки ба мухлисони тоҷики худ салом мерасонад ва аз онҳо ба хотири тарафдорӣ аз вай, сипосгузор аст.

Ҳоҷӣ пиёдаи тоҷик, ки рӯзи 18 октябр ба унвони меҳмон дар як барномаи фарҳангӣ бо ширкати варзишкорони номӣ дар шаҳри Қизил Юрти Доғистон ҳузур ёфта дар ҳамон барнома бо Ҳабиб мулоқот ва ба ӯ туҳфаҳои тоҷиконаро ҳадия кардааст.