Истифода аз шишаҳои сиёҳ дар таксиҳои Душанбе манъ мешавад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i38989-Истифода_аз_шишаҳои_сиёҳ_дар_таксиҳои_Душанбе_манъ_мешавад
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хостори манъи истифода аз шишаҳои сиёҳ барои мусофиркашони пойтахт шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2018 16:50 Asia/Dushanbe
  •  Истифода аз шишаҳои сиёҳ дар таксиҳои Душанбе манъ мешавад?

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хостори манъи истифода аз шишаҳои сиёҳ барои мусофиркашони пойтахт шуд.

Ба гузориши Спутник, масъулон мегӯянд, Рустами Эмомалӣ дар ин замина расман ба ҳакумат пешниҳод ирсол кардааст.

Абдулмаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 25 октябр гуфт, ин пешниҳоди шаҳрдор ба ҳамаи навъи васоили нақлияи мусофиркаш марбут мешавад.

Ба гуфтаи Усмонзода дар сурати қабули пешниҳоди шаҳрдори Душанбе истифода аз шишаҳои сиёҳ дар тамоми автобусҳо, микроавтобусҳо ва таксиҳои пойтахти Тоҷикистон манъ хоҳад шуд.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз ин тасмим беҳтар кардани кайфият ва сатҳи хидматрасонӣ ва ҳамчунин таъмини амният ва эминии мусофирон аст.

Вай афзуд, ҳанӯз маълум нест, ки ҳукумат ба тасмими шаҳрдори Душанбе, чӣ посухе медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе асосан таксиҳо бо шишаҳои сиёҳ ҳаракат мекунанд.