Дархости Тоҷикистон барои таъсиси мактаби тоҷикӣ дар Маскав
Мақомоти Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи равобити ин кишвар бо Русия хостори таъсиси мактаби тоҷикӣ дар пойтахти федератсияи Русия шуданд.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Фарҳод Раҳимӣ раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе дар «Ҳамоиши вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоӣ–башардӯстонаи Русия ва Тоҷикистон» дар шаҳри Маскав гуфт: Бар асоси дархостҳои муҳоҷирони тоҷики муқими пойтахти Русия ва атрофи он, аз ҳукумати ин кишвар хостем баррасии таъсиси мактаби тоҷикиро дар ин минтақа дар дастури кор қарор диҳанд.
Ба гуфтаи Раҳимӣ ҳудуди 300 ҳазор тоҷик дар шаҳри Маскав ва атрофи он зиндагӣ мекунанд, ки фарзандони онҳо эҳтиёҷ ба омӯзиши забони тоҷикӣ, таърих, ҷуғрофия ва адабиёти Тоҷикистон доранд ва бояд коре кард, ки ин кӯдакон забони модарии худро фаромӯш накунанд.
Раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, барои таъсиси ин мактаб бо таваҷҷуҳ ба ҳамзабонии мардуми Тоҷикистон бо мардуми Эрон ва Афғонистон метавон давраҳои омӯзиши забони форсӣ бо гӯиши эронӣ ва дарӣ барои шаҳрвандони Русияро роҳандозӣ кард.
Лилия Гумерова раиси Кумитаи умури илм ва фарҳанги Шӯрои Федератсияи Русия бо истиқбол аз дархости ҷониби Тоҷикистон тасреҳ кард, ин иқдом метавонад ҳамчун пули дӯстӣ миёни ду кишвар хидмат кунад.