Октябр 26, 2018 20:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳусайн Абдусамадов: Аз ДИИШ ҳимоят кардам, пушаймон ҳам нестам

Саркардаи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар нахустин ҷаласаи додгоҳ гуфтааст, барои ҳимоят аз ДИИШ даст ба куштори гардишгарони ғарбӣ дар Данғара задааст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, Бобокалон Муродзода додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар нахустин ҷаласаи додгоҳ, ки дар боздоштгоҳи шумораи 1-и шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста баргузор шуд, ба ғайр аз Ҳусайн Абдусамадов саркардаи террористҳо, бақияи 14 нафари гумонбар дар ин ҳодиса аз иқдоми худ ибрози пушаймонӣ кардаанд.

Ба гуфтаи Муродзода, Абдусамадов таъкид кардааст, ки аз куштани гардишгарони хориҷӣ пушаймон нест ва ин иқдомро дар ҳимоят аз гурӯҳи ДИИШ ва посух ба кишварҳои ғарбӣ, ки барои шикасти ДИИШ дар Ховари Миёна вориди ҷанг шудаанд, анҷом додааст.

Абдусамадов ҳамчунин гуфтааст, ки дастури ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараро аз фарди доғистонитаборе ба исми Нуҳас дарёфт карда, ки масъули амалиёти ДИИШ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ аст.

Ҳамлаи террористӣ ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ рӯзи 29 июл рух дод ва сабаби марги чаҳор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои Нидерланд, Амрико ва Швейдсария шуд.

Гуфта мешавад аз миёни 14 нафари ёдшуда, Ҳусайн Абдусамадов раҳбари гурӯҳи муҳоҷимон ва бақия, афроде ҳастанд, ки ё бо муҳоҷимон ҳамкорӣ доштанд ё аз ин тарҳи террористӣ огоҳ буданд, аммо ба мақомот иттило надоданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистонро бар уҳда гирифт.