Тоҷикистон ба чорякниҳоии футболи қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба даври чорякниҳоии футболи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ ёфт.
Шоми 26 октябр дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии футболи қаҳрамонии Осиё-2018, ки дар Индонезия ҷараён дорад, дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон муқобили Арабистони Саудӣ дар гурӯҳи “D” ба майдон рафт ва ин бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи Саудӣ анҷом ёфт.
Ҳамин тавр, Арабистони Саудӣ бо 9 имтиёз ба ҷои аввал ва Тоҷикистон бо 4 имтиёз ба ҷои дуюми гурӯҳи “D” ба даври чорякниҳоӣ баромаданд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бар Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Чин бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм, Малайзия бо 1 имтиёз дар мақоми чорум ҷой гирифтанд.
Дар даври чорякниҳоӣ тими ҷавонони Тоҷикистон муқобили ғолиби гурӯҳи “С” - тими Кореяи Ҷанубӣ ба майдон мебарояд ва Арабистони Саудӣ бошад, бо тими Австралия рақобат мекунад.
Чор дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2018 барои ҳузур дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни ҷавонони то 20-сола, ки қарор аст дар Полша баргузор шавад, роҳхат мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки тими футболи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ бар тими ҷавонони Чин бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд ва бо дастаи Малайзия 2:2 натиҷаи бозиро мусовӣ кард.