Октябр 27, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости сафири Тоҷикистон аз Русия барои афви дубораи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик

Сафири Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти Маскав хост, барои афви дубораи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз ин кишвар иқдом кунанд.

Ба гузориши “Спутник”, Имомуддин Сатторов дар ҳамоиши “Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоӣ – башардӯстонаи Русия ва Тоҷикистон” дар шаҳри маскав гуфт, барномаи нахусти афви коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик аз Русия дар соли 2017 чандон муваффақ набуд

Зеро як моҳ муҳлат, барои ироаи аснод ва ҳуҷҷатҳои коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз Русия кофӣ набуд ва танҳо 122 ҳазор нафар аз ин афрод мавриди афв қарор гирифтанд.

Дар ҳоле, ки ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекунанд ва танҳо барои қонуншиканиҳои муқаррароти идорӣ  ва на иртикоби ҷурму ҷиноят ба шаҳрвандони ғайриқонунӣ табдил шудаанд, аз тарси ихроҷ аз Русия худро муаррифӣ намекунанд.

Аз ин рӯ дар марҳилаи нахуст бояд ин афрод мавриди афв қарор гиранд ва заминаи ҳузури қонунии онон дар қаламрави Русия фароҳам гардад ва аз листи атбои бидуни муҷаввизи иқомат ва кори расмӣ хориҷ шаванд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид кардааст, ки раиси Шӯрои Федератсия ва вазири умури дохилии Русия бо асли мавзӯи афви дубораи коргарони муҳоҷири ихроҷии тоҷик мухолиф нест ва ин тарҳ бояд мавриди баррасии тарафҳо қарор гирад.

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русияро наздик ба 300 ҳазор нафар унвон мекунанд.