Октябр 27, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Русия панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон месозад

Муовини Кумитаи умури илм ва фарҳанги Шӯрои Федератсияи Русия дар умури илм, омӯзиш ва фарҳанг гуфт, Маскав барои сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл ба ин кишвар кумак мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Лилия Гумерова, муовини аввали Кумитаи умури илм ва фарҳанги Шӯрои Федератсияи Русия дар мизгардие бо унвони «вазъият ва дӯрнамои ҳамкориҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии Русия ва Тоҷикистон» аз кумаки Маскав ба мактабҳои рус забони Тоҷикистон хабар дод.

Вай бо ишора ба сохти 5 мактаби русӣ дар Тоҷикистон бо ҳамкории Маскав афзуд, ин мактабҳо бо ҳадаф тарвиҷи забон ва фарҳанги русӣ дар қаламрави Тоҷикистон сохта мешаванд ва қарор аст, дар ҳар як аз ин мактабҳо ҳазору 200 донишомӯз таҳсил кунанд.

Дар ин ҳамоиш Муҳаммадсаид Убайдуллоҳев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бар кумаки ҳуқуқии Русия дар заминаи ҳифозати иҷтимоӣ аз муҳоҷирони кории тоҷик таъкид кард.

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ин дидор бо ишора ба зарурати пардохти ҳуқуқи бознишастагии муҳоҷирони кории тоҷик аз сӯи корфармоёни русӣ афзуд, суди муҳоҷирони кории тоҷик барои Маскав бештар аз суди онон барои иқтисоди ватанашон аст.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Людмила Бокова, муовини аввали Кумитаи Шӯрои Федератсия дар умури Қонуни асосӣ ва сохтмони давлатӣ гуфт, ниёзи ба муҳоҷирони корӣ дар Русия чашмгир аст.

Бокова  таъкид кард, Русия алоқаманд ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар тамомии масирҳои аслӣ, аз ҷумла муҳоҷират аст.

Ҳайати муташаккил аз намояндагони парлумон ва бархе вазирони тоҷик таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба манзури ширкат дар шашумин ҳамоиши «Русия – Тоҷикистон ва зарфияти ҳамкориҳои байниминтақаӣ» ба Маскав сафар кардааст.