Сентябр 10, 2016 20:12 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон дар Қӯрғонтеппа

Нахустин маротиба дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон таҷлил карда шуд.

Дар Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон, 8 сентябр дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон нишасте баргузор гашт. Дар ин нишаст, ки рӯзноманигорони зиёде аз ин вилоят ширкат доштанд, 12 журналисти  ҳафтаномаи «Пайк» аз минтақаи Кӯлоб ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон пайвастанд. Онҳо  мегӯянд,  мақсад аз пайвастан ба Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бештар огаҳӣ доштан аз  кору фаъолияти ҳамкасбон ва  дифоъ аз ҳуқуқҳои  меҳнатию  истироҳатӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои итифоқҳои касабаи вилояти Хатлон гуфт, дар ҳалли бештари масъалаҳои муҳим журналистон пешгом ҳастанд. Аз ин лиҳоз, Шӯрои иттифоқҳои касаба  омодааст, барои дифоъ аз ҳуқуқҳои меҳнатию истироҳатии журналистон талош намояд.

Бояд гуфт, зимни суолу посухҳо ва баёни масъалаҳои ҷойдошта дар нишаст гуфта шуд, чопи мақола, гузоришу хабарҳо дар  пойгоҳҳои  интернетии ҷумҳуриявӣ, хориҷӣ ва расонаҳои мустақил маҳз аз минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон  коҳиш ёфтааст.