Интихоби дубораи Раҳматуллоҳ Зоиров ба унвони раиси ҲСДТ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39048-Интихоби_дубораи_Раҳматуллоҳ_Зоиров_ба_унвони_раиси_ҲСДТ
Дар анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар шаҳр Душанбе, Раҳматуллоҳ Зоиров дубора ба мақоми раёсати ин ҳизб интихоб шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 28, 2018 06:46 Asia/Dushanbe
  • Интихоби дубораи Раҳматуллоҳ Зоиров ба унвони раиси ҲСДТ

Дар анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар шаҳр Душанбе, Раҳматуллоҳ Зоиров дубора ба мақоми раёсати ин ҳизб интихоб шуд.

Аз байни 4 номзаде, ки барои раёсати ҲСДТ пешниҳод шуда буд, Раҳматуллоҳ Зоиров ба раёсати ин ҳизб интихоб шуд.

Ин дар ҳоле буд, ки се нафари дигар номзадии худро пас гирифтанд.

Раҳматуллоҳ Зоиров аз соли 1998, яъне таърихи таъсиси ҲСДТ, раёсати ин ҳизбро бар уҳда дорад.

Зоиров дар анҷумани ҲСДТ, ки бо ду сол таъхир баргузор шуд, эълом кардааст, ки дар таркиби созмонҳои ин ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳрҳои ин кишвар даст ба тағйироти кадрӣ хоҳад зад.

Коршиносон мӯътақиданд, ки ҲСДТ бо вуҷуди қарор гирифтан дар мавзеи мухолифат бо ҳукумати ин кишвар тайи се соли ахир натавонист фаъолияти таъсиргузоре дар саҳнаи сиёсии ин кишвар дошта бошад.

Ин ҳизб дар 4 давр аз интхоботи парлумонии Тоҷикистон натавонист намояндаеро ба маҷлиси қонунгузории ин кишвар бифиристад.

Албатта сарони ин ҳизб мӯътақид буданд, ҳизби ҳокими Халқӣ-демократӣ, дар натоиҷи оро дасткорӣ кардааст.

 Дар ҳоли ҳозир аксари масулон ва аъзои ҲСДТ дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки иллати ин амр низ набуд ҷойи кори муносиб барои ин афрод дар дохили ин ҷумҳурӣ унвон мешавад.