Октябр 28, 2018 20:48 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Аврупо бар озодии фаъолияти сайтҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, маҳдудияти сайтҳои хабарӣ ва шабкаҳои иҷтимоиро дар ин кишвар бартараф кунад.

Ба нақл аз Азия-Плюс, дар ҳошияи даҳумин Нишасти дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо бо мақомоти Тоҷикистон, ки бо мавзуи ҳуқуқи башар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дафтари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар баёнияе аз Тоҷикистон хост, ки мавзуи суботу амнияти дохилиро баҳонаи афзоиши фишор бар расонаҳои хабарӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ қарор надиҳад.  

Иттиҳоди Аврупо дар ин баёния аз озодии Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъ истиқбол кардааст.  

Дар ин баёния ҳамчунин зимни ибрози ризоят аз натоиҷи мусбати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо шиканҷа ва хушунат алайҳи зиндониён, бар расидагӣ ба тамомии мавориди бадрафторӣ дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳо таъкид шудааст.

Ҳайъати Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки заминаи дидори сафирони ин иттиҳодро бо Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ фароҳам кунад.