Октябр 30, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Қатъи фаъолияти 20 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон

Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон бо дархости Кумитаи молиёти ин кишвар фаъолият беш аз 20 ширкати тиҷории марбут ба шаҳрвандони Эронро қатъ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Зебунисо Абдуллоҳзода, раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе дар гуфтугӯ бо расонаҳо дар ин хусус гуфт, агарчи масъулини ин ширкатҳо дар додгоҳ ҳузур надоштанд, вале онҳо фурсат доранд, то барои баррасии муҷаддади ин ҳукм дархости таҷдиди назар кунанд. Ӯ дар идома афзуд, ширкатҳое, ки фаъолияти онҳо мутаваққиф шуда, ба таври умда марбут ба шаҳрвандони Эрон ҳастанд ва ҳукми додгоҳ то кунун иҷроӣ нашудааст.

Ин масъули додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе далоили қатъи фаъолияти ин ширкатҳоро шарҳ надод, вале бинобар суханони як масъули Кумитаи молиёти Тоҷикистон беш аз як сол аст, ки ширкатҳои мазкур ба кумитаи марбута дар хусуси фаъолияти худ гузориш надодаанд. Ӯ афзуд, масъулини ин ширкатҳо умдатан дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳузур надоранд ва дар бораи фаъолияти тиҷории худ на гузориш медиҳанд ва на фаъолияти ширкатҳои худро қатъ мекунанд. Ин масъули Кумитаи молиёт гуфт, бинобар ин мақомоти зирабти ин созмон тасмим гирифтанд, ки барои қатъи фаъолияти онон ба додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кунанд. Вай идома дод, бархе шарикони тоҷики ин ширкатҳо дар Тоҷикистон унвон кардаанд, ки масъулини ин ширкатҳо ба далели мушкилоти молӣ кишварро тарк кардаанд.

“Созмони Ҳамкории Тоҷикистону Эрон”, сандуқи иҷтимоии “Анҷумани донишҷӯёни эронии муқими Тоҷикистон», ҷамъияти «Сунирон», ширкати «КаспианТоҷ», ширкати «ИрТоҷ», ҷамъияти “Тиҷорати байналмилалии Форс Сомон», ширкат «Обрӯд», ҷамъиятҳои «Форс Тоҷ», «Кишткорони Исфаҳон-Хатлон» аз ҷумлаи ширкатҳои ҳастанд, ки бо тасмими додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе аз нимаи моҳи октябри соли ҷории милодӣ муҷаввизи фаъолияти онон қатъ шудааст.

То чанд сол қабл ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи чашмгире доштанд. Ин ширкатҳо дар сохтусози муҳимтарин таъсисот, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ ва ҷодаҳо ҳузур доштанд ва бозори ин кишварро бо тавлиди маҳсулоти худ таъмин мекарданд.