Октябр 31, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон – бистари омодаи фанновариҳои пешрафтаи русӣ

Сафири Тоҷикистон дар Русия ҷазби сармоя ва фанновариҳои пешрафтаи русиро дар иқтисоди кишвараш хостор шуд.

Ба гузориши “Спутник”, Эмомуддин Сатторов бо ишора ба рушди 30-дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл бар зарурати ҷазби бештари сармоя ва фанновариҳои пешрафтаи русӣ дар иқтисоди Тоҷикистон таъкид кард. Ӯ Русияро муҳимтарин шарики тиҷории Тоҷикистон хонда афзуд, заминаи ҷазби сармоя ва фанновариҳои пешрафтаи русӣ дар бахшҳои иқтисод, саноат, ҳамлу нақл, энержӣ ва гардишгарии Тоҷикистон фароҳам аст.

Сатторов муътақид аст, ки ба далели мавқеияти мумтози ҷуғрофии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ вуҷуди нерӯи кори мутахассис ва барқи арзонқимат дар ин кишвар бояд барномаи ҷазби сармояи Русия барои сохти корхонаҳои саноатӣ дар дохили Тоҷикистон тадвин шавад. Сафири Тоҷикистон дар Русия афзуд, ин иқдом имкон медиҳад, ки Русия ва Тоҷикистон танҳо ба ҷазби коргарони муҳоҷири тоҷик барои кор дар қаламрави Русия иктифо накунанд, зеро иштиғолзоӣ ва афзоиши тавлиди маҳсулот дар дохили Тоҷикистон ба нафъи Маскав ва Душанбе аст.