Октябр 31, 2018 10:59 Asia/Dushanbe
  • Занги хатари таъмини гандум дар Тоҷикистон ба садо даромад

Бо тасмими давлати Қазоқистон барои содироти орд ба ҷойи гандум Тоҷикистон, ки аз умдатарин воридкунандагони ин маҳсул аст, барои таъмини ниёзи худ бо орд бо мушкил рӯ ба рӯ мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ба гуфтаи мақомоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, барои таъмини ниёзи мардуми ин кишвар бояд солона як миллиону 700 ҳазор тонна гандум дар дохили ин кишвар тавлид шавад. Аммо Абдулқодир Ятимов, мутахассиси аршади Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, имсол дар ин кишвар 545 ҳазору 642 тонна гандум бардошт шуда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 93 ҳазор тонна камтар аст. Ҳамчунин масоҳати заминҳои зери кишти гандуми имсол беш аз 30 ҳазор ҳектор коҳиш ёфта ва пахта, картошка ва дигар маҳсулот ҷойгузини гандум шудааст. Аз сӯйи дигар коҳиши бориш дар пойиз ва замистони соли қабл бардошти гандумро дар заминҳои лалмӣ ба шиддат коҳиш дода ва ин дар ҳолест, ки талош барои ҷуброни ин камбуд аз маҳалли афзоиши тавлиди гандуми обӣ ба далели қимати болои сӯхт, нуриҳои кимиёӣ ва камбуди манобеи об ба ҷое нарасид.

Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти орд аз Қазоқистонро коҳиш ва воридоти гандумро афзоиш додааст, то заминаи иштиғоли шаҳрвандони худро дар корхонаҳои орд фароҳам кунад. Бар ин асос, ба гуфтаи коршиносон, коҳиши воридоти гандум аз Қазоқистон мӯҷиби бидуни истифода мондани зарфияти корхонаҳои орди Тоҷикистон ва камбуди гандуми мавриди ниёзи ин марокиз хоҳад шуд.

Ҳамакнун қимати як халтаи 50-килоии орди Қазоқистон дар бозорҳои Тоҷикистон 155 сомонӣ аст.