Ноябр 01, 2018 09:27 Asia/Dushanbe
  • Муҷозоти фармондеҳ ва афсарони посгоҳи марзбонии ноҳияи Фархор

Дар поёни таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба ҷангалбонони тоҷик дар наздикии посгоҳи марзии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, фармондеҳ ва теъдоде аз афсарони навбатдори ин посгоҳ муҷозот шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Осиёи Марказӣ, Додситонии низомии вилояти Хатлон бо эъломи поёни таҳқиқи ин ҳодиса, аз барканории фармондеҳи посгоҳ ва таназзули дараҷаи низомӣ ва интиқол ба симатҳои раддаи пойинтари теъдоде аз афсарони посгоҳи марзбонии ноҳияи Фархор хабар дод.

Иттиҳоми ин афрод саҳлангорӣ дар иҷрои масъулият, надоштани назорати кофӣ бар минтақаи таҳти ҳифозат ва нотавонӣ дар ҷилавгирӣ аз вуруди қочоқчиёни маводи мухаддири Афғонистони ба дохили қаламрави Тоҷикистон эълом шудааст.

Дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ҷангалбонони Тоҷикистон дар ноҳияи марзии Фархори вилояти Хатлон, ки дар моҳи август рух дод, ду муҳитбони тоҷик кушта ва як тан аз онон захмӣ шуданд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон гурӯҳи Толибонро ба даст доштан дар ин иқдом муттаҳам карданд, аммо гурӯҳи Толибон бо интишори баёнияе даст доштани аъзои худро дар ин ҳамла такзиб ва эълом кард, ки марзбонони Тоҷикистон бо қочоқчиёни маводи мухаддир даргир шудаанд.

Мақомоти Додситонии низомии вилояти Хатлон низ гуфтаанд, ки баррасиҳо нишон медиҳад, Толибон дар ин ҳамла даст надоштаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон дорои наздик ба ҳазору 400 километр марзи муштарак мебошад, ки ба далели кӯҳистонӣ будани бархе аз бахшҳои он, имкони назорати комил вуҷуд надорад ва қочоқчиён дар ду тарафи марз аз ин шароит барои муомилаи маводи мухаддир истифода мекунанд.