Ноябр 01, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Рушди иқтисоди Тоҷикистон вобастаи кумакҳои Сандуқи Байналмилалии Пул ва Чин мебошад

Ширкати байналмилалии эътиборсанҷӣ (Fitch) эълом кардааст, ки дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи солҳои оянда бастагӣ ба кумакҳои молии Сандуқи Байналмилалии Пул ва Чин хоҳад дошт.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, ин ширкат ба далели афзоиши қарзи хориҷӣ ва буҳрони феълӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон, аз коҳиши рушди иқтисоди ин кишвар тайи солҳои оянда хабар додааст.

Аз ин рӯ, рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки дар соли 2017 беш аз 7 дарсад будааст, тайи солҳои 2018 ва 2019 ба мизони 5, 8 дарсад ва 5, 5 дарсад хоҳад буд.

Бо ин ҳол Тоҷикистон умедвор аст, ки пас аз 6 соли музокира бо мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул битавонад дар соли 2019 маблағи 300 миллион доллар кумаки молии ин ниҳодро дарёфт кунад. Аммо ин мавзуъ бастагӣ ба пазириши шароити Сандуқи Байналмилалии Пул аз сӯйи Тоҷикистон хоҳад дошт, ки хеле сахт мебошад ва ба додани сабукӣ ва имтиёзоти зиёде ба бахши хусусии ин кишвар бармегардад.

Пас аз нишасти мақомоти Тоҷикистон бо ҳайати эъзомии Сандуқи байналмилалии Пул дар шаҳри Душанбе дар моҳи сентябри имсол, акнун заминаи ихтисоси кумаки молии ин ниҳод ба Душанбе фароҳам шудааст.

Ҳамчунин мақомоти иқтисодии Тоҷикистон чашми умед ба дарёфти кумакҳои молии кишвари Чин духтаанд, ки бештарин талабро аз наздик ба 3 миллиард доллар қарзи хориҷии Тоҷикистон ба худ ихтисос додааст.