18 сол зиндон барои ҳамсаркушии писари генерал
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39167-18_сол_зиндон_барои_ҳамсаркушии_писари_генерал
Додгоҳи шаҳри Душанбе писари генерал Раҷабалӣ Шириновро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш ба 18 сол зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 02, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • 18 сол зиндон барои ҳамсаркушии писари генерал

Додгоҳи шаҳри Душанбе писари генерал Раҷабалӣ Шириновро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, додгоҳи шаҳри Душанбе Бобоҷон Ширинзодаро, ки ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро тобистони гузашта бо ёздаҳ зарбаи корд ба қатл расонда буд, ба 18 сол зиндони бо низоми шадид маҳкум кард.

Бобоҷон Ширинзодаи 33-сола, шаби шашуми июн ҳамсари собиқаш Моҳира Ятимоваро, ки барои дидани фарзандонаш ба хона ӯ омада буд, дар муқобили чашми ду кӯдакаш бераҳмона бо зарбаҳои корд ба шиддат захмӣ кард.

Моҳира Ятимова пас аз интиқол ба бемористон бар асари шиддати ҷароҳатҳо ҷони худро аз даст дод.

Гуфта мешавад сабаби ин ҳодиса ихтилофоти Бобоҷон Ширинзода ва ҳамсари собиқаш бар сари тақсими амвол ва фарзандон будааст.

Бобоҷон Ширинов дабири собиқи Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон ва писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, муовини собиқи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аст, ки соли 2016 аз ҳамсараш ҷудо шуда ва бар асоси ҳукми додгоҳ қарор буд се фарзанди ӯ дар хонаи модарашон зиндагӣ кунанд.

Вуқӯи ин фоҷеа дар яке аз хонаводаҳои баландпоя ва бонуфузи тоҷик сарусадои фаровонеро барпо кардааст.