Сафари вазири дохилаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе
Вазири умури дохилаи Арабистони Саудӣ дар сафари давраӣ ба Осиёи Марказӣ вориди Душанбе пойтахти Тоҷикистон шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф вазири дохилаи Арабистони Саудӣ дар сафари давраии худ ба Осиёи Марказӣ барои дидор бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф дидор ва равобити дуҷониба ва минтақаиро баррасӣ кардаанд.
Дар ин дидор таъкид шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.
Вазири дохилаи Саудӣ ҳамчунин пеш аз сафар ба Душанбе дар Қазоқистон бо Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор кард.
Сафари ин мақоми Саудӣ ба Осиёи Марказӣ дар ҳоле аст, ки ин кишвар аз солҳои гузашта ҳузури худро дар ин минтақа тақвият кардааст.
Афзоиши нуфузи фирқаи салафия дар кишварҳои мусулмони Осиёи Марказӣ ва пайвастани баъзе шаҳрвандони ин кишварҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз паёмадҳои нуфузи Риёз дар ин минтақа аст.