Интиқоли беш аз як миллиард доллари коргарони муҳоҷири тоҷик ба ватан
(last modified Fri, 02 Nov 2018 15:14:50 GMT )
Ноябр 02, 2018 20:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли беш аз як миллиард доллари коргарони муҳоҷири тоҷик ба ватан

Бонки Марказии Русия аз интиқоли як миллиарду 150 миллион доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки Марказии Русия, даромадҳои ирсолии коргарони тоҷикистонӣ дар ин муддат 89 миллион доллар бештар аз давраи мушобеҳи соли қабл аст.

Бар асоси ин гузориш, 80 дарсад аз маҷмуи даромади ирсолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишварашон ба рубли русӣ , 18 дарсад ба доллар ва 2 дарсади боқимонда ба евро ва дигар арзҳои хориҷӣ будааст.

Тоҷикистон пас аз Узбакистон дувумин кишвар дар қаламрави ИДМ аст, ки коргарони муҳоҷири он ҳамасола беш аз 2 миллиард доллар даромади худро аз тариқи шабакаҳои бонкӣ ба кишварашон ирсол мекунанд.

Аммо дар 4 соли охир ва дар пай таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик ба кишварашон дар маҷмӯъ 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2014 коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба ватанашон 4 миллиарду 200 миллион доллар ирсол карда буданд, ки ин рақам дар 4 соли охир ба 2 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.