Чӣ тавр меваҳои Тоҷикистон дар хориҷ қирғизӣ мешаванд
Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон аз ин ки меваву хушкбори ин кишвар дар хориҷ ба унвони маҳсулоти Қирғизистон ба фурӯш мерасад, ибрози нигаронӣ мекунанд.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, ин мақомот мегӯянд, ки меваву хушкбори ин кишвар дар аксари маворид аз тариқи қочоқ ба Қирғизистон мунтақил ва ба унвони маҳсулоти ин кишвар дар бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба фурӯш мерасад.
Зеро Тоҷикистон узви Иттиҳоди воҳиди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва наметавонад ба таври мустақим маҳсулоти худро ба қаламрави ин минтақа содир кунад.
Ба ин далел, буҷаи давлати Тоҷикистон даромади ҳангуфти молиро аз даст медиҳад ва меваву хушкбори ин кишвар низ тавассути Қирғизистон дар бозорҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва умдатан Русия ба унвони маҳсулоти қирқизӣ ба фурӯш мерасад.
Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия аз ин ки қарор буд Маскав барои интиқоли меваву сабзиҷоти Тоҷикистон долонҳои сабз ифтитоҳ кунад ва ин тавофуқ то ба ҳол амалӣ нашудааст, интиқод кард. Зеро вуҷуди падидаи қочоқи меваву хушкбори Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, бастабандии дубора ва интиқоли ин маҳсулот ба унвони моли ин кишварҳо боиси уфти шадиди даромади гумрукӣ ва зиёни молии ҳангуфти тарафи Тоҷикистон мешавад.
Вай муътақид аст, ки идомаи ин раванд ба зиёни тавозуни муомилоти тиҷорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ тамом хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Имомуддин Сатторов, бояд монеаҳои вуруди меваву сабзиҷоти Тоҷикистон ба Русия бартараф ва бо ҳазфи даллолҳову воситаҳо фароҳам гардад.