13 сол зиндон барои сарбози марзбонии Тоҷикистон ба иттиҳоми қатл
Додгоҳи низомии шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон як сарбози Қӯшунҳои марзбонии ин кишварро ба иттиҳоми лату куб ва қатли ҳамқатораш ба 13 сол зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи ҳафтаномаи Фараж, дар ин ҳодиса, ки рӯзи Иди Қурбони имсол дар воҳиди низомии нирӯи марзбонии Тоҷикистон мустақар дар ноҳияи Ванҷ дар қаламрави вилояти Бадахшон иттифоқ афтодааст, Бахтовар Абдуллоев бо Абдулқаюм Ёдгорзода, сарбози ҳамқатораш даргир шуд ва ӯро ба қатл расонд.
Ба гуфтаи мақомоти додситонии низомии вилояти Бадахшон, иллат даргирии ин ду сарбози қатоӣ, беэътиноии Абдулқаюм Ёдгорзода, сарбози кушта шуда ба дархости Бахтовар Абдуллоев барои додани як сӯзан будааст.
Ба гуфтаи масъулони Созмони ғайридавлатии муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон, вуҷуди бадрафторӣ дар нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар 3 соли ахир мӯҷиби ҷон додани беши аз 11 сарбоз шудааст.
Бо вуҷуди таъкиди мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бар беҳбӯди фазои хидмат дар нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, бадрафторӣ ва лату куби сарбозон ҳамчунон ба унвони як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ, боқи монда ва ҷавонони дорои шароити хидматро водор ба фирор аз ин кишвар ва муҳоҷирати корӣ ба Русия кардааст.
Теъдоде аз коршиносон бар ин боваранд, ки танҳо роҳи ҳалли ин мушкил дар Тоҷикистон, роҳандозии хидмати ҳарбӣ бар асоси қарордод аст, ки ба тадриҷ заминаи таъсиси як артиши ҳирфаиро дар ин кишвар фароҳам месозад.