Ҳаводиси сентябри 2015 дар Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ (1)
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i39222-Ҳаводиси_сентябри_2015_дар_Тоҷикистон_дар_гуфтугӯ_бо_Муҳиддин_Кабирӣ_(1)
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, баста шудани ин ҳизб ҳеҷ рабте ба ҳаводиси сентябри соли 2015 ва шӯриши Абдулҳалим Назарзода надорад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Ноябр 04, 2018 13:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳаводиси сентябри 2015 дар Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Муҳиддин Кабирӣ (1)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, баста шудани ин ҳизб ҳеҷ рабте ба ҳаводиси сентябри соли 2015 ва шӯриши Абдулҳалим Назарзода надорад.

Муҳиддин Кабирӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории эронии “Тасним” бо ишора ба ҳаводиси сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон афзуд, аз талоши Абдулаҳлим Назарзода барои кудато ба наҳве сухан гуфта мешавад, ки гӯӣ ин иқдом ба дастури раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ анҷом шуда, вале албатта, касе то ба ҳол ин ривоятро бовар накардааст ва бовар ҳам нахоҳад кард.

Раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон таъкид кард, ин ҳизб дар асл бар асоси ҳукми ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар соли 2011 ба раёсати худи Эмомалӣ Раҳмон баста шуд, ки протоколи ин ҷаласа таҳти шумораи 32-20 бо имзои худи Раҳмон вуҷуд дорад ва агар ҳаводиси марбут ба Назарзода ҳам рӯй намедод, давлат боз ҳам барои бастани Ҳизби наҳзати исломӣ барнома дошт. Ӯ ёдовар шуд, ки моҳи августи соли 2015, пеш аз ҳаводиси сентябри Вазорати додгустарии Тоҷикистон дар номаи расмие ба мо 10 рӯз муҳлат дода буд, ки ин ҳизбро таътил эълом кунем ва дар моҳҳои июну июл низ ҳукумат изҳороти зиёдеро барои бастани ин ҳизб мунташир мекард. Кабирӣ гуфт, ҳатто бо номи рӯҳониён, варзишкорон ва дигар қишрҳое, ки ба сиёсат рабте надоранд, изҳоротҳое мунташир шуд, ки мазмуни ҳамаи онҳо фақат ин буд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бояд баста шавад. Ӯ тасреҳ кард, барои ҳукумат лозим буд, ки дар бастани Ҳизби наҳзати исломӣ як «иҷмои миллӣ» шакл бигирад ва аз кишоварзҳо то устодони донишгоҳ ҳама дархост кунанд, ки ин ҳизб баста шавад. Кабирӣ афзуд, дар байни ин ҳама изҳороти дастаҷамъӣ яке аз онҳо барои пай бурдан ба рози ҳаводиси сентябри соли 2015 муҳимтар аст ва он ҳам изҳороти фармондеҳони собиқи Иттиҳод нерӯҳои оппозитсия (ИНОТ) буд.

Раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ҳукумат мехост бидонад, ки дар сурати бастани ҳизб фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин чӣ мавзее мегиранд. Кабирӣ афзуд, онҳо ба хубӣ медонистанд, ки масъалаи даст задан ба тазоҳурот дар яке аз ҷаласоти Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ баррасӣ шуда буд ва агарчи аксарияти аъзо дар он ҷаласа ба ҳимоят аз тазоҳурот дар сурати баста шудани ҳизб раъй надоданд, вале матраҳ шудани ин мавзӯъ ҳукуматро водор кард, то бидонад, ки фармондаҳони собиқи ИНОТ чӣ мавзее хоҳанд гирифт, чун дар сурати тазоҳурот ва пуштибонии фармондеҳон аз мардум кор барои саркӯби эътирозот бисёр сахт мешуд. Ин фаъоли сиёсии тоҷик таъкид кард: “Иттилооте, ки ба дасти мо расид, баёнгари он аст, ки бештари фармондеҳон, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим, Эшони Ҷунайд ва чанд нафари дигар баёнияи сиёсӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломиро имзо накардаанд ва имкон надорад, ки ин хабарҳо ба гӯши мақомот нарсида бошад”. Раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба ҳаводиси сентябри соли 2015 гуфт, дар бораи ин ҳодиса зиёд гуфта ва навиштаанд, аммо ҳанӯз касе ҳақиқати онро намедонад. Агар додгоҳи мушорикаткунандагон дар ин ҳодиса аланӣ баргузор мешуд, шояд мешуд, то ҷое ба суолоте посух дод, аммо пас аз 3 сол на танҳо ҷомеа барои суолҳои худ ҷавоби қонеъкунанда пайдо накардааст, балки ин суолот рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Кабирӣ тасреҳ кард, агар таърихи ҳама кудатоҳои муваффақ ва номуваффақро варақ бизанед, мушаххас хоҳад шуд, ки ҳаводиси сентябри соли 2015 ҳеҷ шабоҳате ба кудато надорад, ҳарчанд ман бо бархе дидгоҳҳои дигар ҳам мувофиқ нестам, ки мегӯянд, он ҳаводис ҳама сохта ва пардохтаи мақомот будааст. Ӯ гуфт, ин аз абъоди масъала аст, ки ҷаласаи додгоҳ пушти дарҳои баста баргузор шуд ва то имрӯз матни ҳукми додгоҳ мунташир нашудааст. Аммо ин матн бо беш аз 100 сафҳа дар дасти мост ва ба сурати комил тарҷума шуда ва ба дасти созмонҳои байналмилалӣ ҳам расидааст. Раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, Ҳоҷӣ Ҳалим бо силоҳ ва афроди худ ба дараи Ромит рафта муқовимат кард ва кушта шуд, чун намехост мисли Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров зиндонӣ шавад ва ё монанди Мирзо Зиёев ва Муҳаммадназар Солеҳов кушта шавад.