Ноябр 04, 2018 14:51 Asia/Dushanbe
  • Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни сарони ИДМ

Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Остона аз имзо шудани 15 санади ҳамкорӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Расулзода гуфт, 15 санаде, ки дар ин нишаст ба имзо расид, мӯҷиби таҳкими ҳамкории кишварҳои ин минтақа хоҳад шуд. Ба гуфтаи нахуствазири Тоҷикистон, омодагии муштараки кишварҳои узви ИДМ дар баробари осебҳои ҳастаӣ ва ҳамкориҳои башардӯстона аз ҷумлаи ин аснод аст.

Николай Спасский, муовини мудири кулли “Росатом” дар шарҳи асноди имзошуда гуфт, дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ пойгоҳҳои ҳастаӣ ва марокизи таҳқиқотӣ эҷод мешавад, истихроҷи уран сурат мегирад, маводи ҳастаӣ ва манобеи радиоактивӣ интиқол дода мешавад, аз ин рӯ, ташкили як низоми воҳид барои вокуниш дар мавориди осеби ҳастаӣ дар қаламрави ИДМ зарурӣ аст.