Ноябр 05, 2018 10:23 Asia/Dushanbe
  • Соли 2019 – соли эҷоди долони мустақими судури маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия

Сафири Тоҷикистон дар Русия аз амалӣ нашудани тавофуқи Душанбе ва Маскав барои эҷоди долони мустақими интиқоли маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба Русия интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи шабакаи телевизионии “Русия 24”, Эмомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия дар барномаи телевизионии "Сенат" гуфт, бар асоси тавофуқи ҷадиди миёни мақомоти Тоҷикистону Русия, акнун вазоратҳои марбута дар Маскав муваззаф шудаанд, ки дар соли 2019 долони мустақимеро барои интиқоли маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба Русия эҷод кунанд. Сатторов афзуд, Тоҷикистон узви Иттиҳоди воҳиди гумрукӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё нест ва наметавонад ба таври мустақим маҳсулоти худро ба қаламрави ин минтақа содир кунад, аз ин рӯ, буҷаи давлати Тоҷикистон даромади ҳангуфтеро аз даст медиҳад ва меваву хушкбори ин кишвар низ тавассути Қирғизистон дар бозорҳои кишварҳои узви Иттҳодияи Иқтисодии Авруосиё ва умдатан Русия ба унвони маҳсулоти қирғизӣ ба фурӯш мерасад. Сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ҳамакнун 110 корхонаи муштараки русӣ-тоҷикӣ фаъолият мекунанд ва Маскав муҳимтарин шарики тиҷории Душанбе ба ҳисоб меояд. Сатторов афзуд, бо вуҷуди афзоиши 30-дарсадии содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ҳанӯз ҳам ду кишвар аз зарфияти густариши ин ҳамкориҳо истифода накардаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав мизони сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар солҳои ахирро беш аз як миллиарду 300 миллион доллар унвон кардааст.